Мақсад-рушди ҳамкориҳои ҳадафманд
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).-Бо мақсади рушди хамкориҳои ҳадафманд дар соҳаи маориф ва истифодаи самараноки захираҳои давлатӣ байни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Қирғизистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хабар доданд, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд самтҳои асосии ҳамкориҳо, аз ҷумла пажуҳишҳои муштарак ва чопи осори илмӣ, китобҳои дарсӣ барои мактабҳои қирғизӣ дар Тоҷикистон ва барои мактабҳои тоҷикӣ дар Қирғизистон ва ҳамкориҳо дар таҳқиқи рисолаҳои номзадӣ ва докториро роҳандозӣ намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






