Манъи вуруди 72 ҳазор нафар шаҳрванди ҶТ ба ФР
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Хадамоти муҳоҷират рӯз то рӯз меафзояд.Тавре ки мудири бахши қабул ва маслиҳатдиҳии дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират Дӯстмурод Умбаров иброз дошт, баъди пахши видео-ролики телевизионӣ дар шабакаҳои саросари кишвар оид ба тағйиру иловаҳои қонунгузории Федератсияи Русия ва дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоърасонӣ, муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе зиёд гардид. Агар дар давоми соли 2012 ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират танҳо 547 нафар бо дархост муроҷиат кардаанд, пас дар давоми соли ҷорӣ шумораи муроҷиаткунандагон барои гирифтани маслиҳатҳои муфид 15 ҳазору 480 нафарро ташкил дод ва ин шаҳодати он мебошад, ки шаҳрвандон ба кумаку дастгирӣ ва маслиҳати кормандони бахш ниёз доранд. Лекин корҳои ба сомонрасонида қаноатбахш набуда, мебоист корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии мамлакат ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо доимӣ бошанд ва барои амалӣ намудани он бояд сохторҳои бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил шаванд.Бо назардошти он, ки садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия муайян шудаанд ва қисми зиёди онҳо аз системаи иттилоотии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия бехабаранд, кормандони бахш рӯйхати шаҳрвандони беруншудаи кишварамонро, ки дар махзанаи иттилоотии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия (ФМС ФР) ному насабашон мавҷуд мебошад, ба тариқи шабакаи интернет-онлайн ба роҳ мондаанд.Инчунин дар бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират тавассути мақомоти дахлдори Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон махзани маълумоти мамнӯъшудагон то ҳолати 1 октябри соли 2013 вуҷуд дорад, ки он зиёда аз 72 000 нафар шаҳрвандони кишварамонро дар бар мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






