Маркази ягонаи диспетчерӣ

Январь 13, 2014 16:05

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Барномаи рушди СММ ва Ҳукумати шаҳри Душанбе Ёддошти ҳусни тафоҳумро имзо намуданд, ки мақсад аз он мусоидат ба кори муштарак барои такмили низоми идора ва баланд бардоштани сифати назорати ҳаракат, ҷадвал, суръат ва бехатарии ҳаракати нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе мебошад. Дар ин бора мутахассиси бахши равобит бо аҳли ҷамъияти Барномаи рушди СММ Нигора Остонова ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Мувофиқи маълумоти манбаъ, Барномаи рушди СММ ва Ҳукумати шаҳр дар ҳошияи ёддошти мазкур бо усули татбиқи лоиҳаи «Дастгирии идораи устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» барои ташкили маркази ягонаи диспетчерӣ ва рӯи кор овардани шабакаи роҳҳои махсус ҳамкорӣ менамоянд. Ба гуфтаи Нигора Остонова, дар ҳошияи ин лоиҳа роҳҳои нави ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе бунёд мешаванд.

Январь 13, 2014 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш