Машварати давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар»).- 22 январ дар ВКХ Русия машварати давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), давлатҳои мушоҳиди назди СҲШ ва ҷонибҳои дигари манфиатдор аз рӯи масоили амнияти минтақа баргузор гардид. Тавре ки аз ВКХ Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар машварат аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ширкат дошт.Низомиддин Зоҳидов зимни суханрониаш қайд намуд, ки ҳалли проблемаи Афғонистон яке аз самтҳои асосии таҳкими амнияти минтақавии бахши масъулияти СҲШ буд ва мебошад.Қайд шуд, ки вазъияти Афғонистон баъди соли 2014 нафақат ба амнияту суботи минтақа, балки ба вазъияти умумии ҷаҳон низ таъсир мерасонад. Дар чунин вазъият Тоҷикистон зарур мешуморад, ки кишварҳои аъзои СҲШ ва ҷомеаи ҷаҳон ба раванди барқарор намудани сулҳу суботи Афғонистон мусоидат намоянд.Дар ҷараёни машварати ҷонибҳо ҳамчунин аз рӯи масоили таъмини амнияти минтақа бо василаи муқобилат ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона, ҳамчунин хавфу хатари дигаре, ки хусусияти наздисарҳадӣ пайдо намудаанд, мубодилаи афкор баргузор шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






