Машварати корӣ ба истиқболи ҷашни 100-солагии Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова машварати корӣ оид ба таҷлили ҷашни 100- солагии композитори маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон , барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ доир гардид.Марҳабо Ҷабборова, муовини Сарвазири мамлакат ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Точикистон, Бунёди байналмилалии Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ ҷиҳати дар сатҳи олӣ таҷлил намудани ҷашни 100-солагии Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ як силсила дастуру супоришҳо дод.Мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши композитор Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ дар равнақи санъати мусиқӣ ва операи миллии тоҷик» дар муассисаи фарҳангии кишвар, ташкили озмуни суруд ва мусиқӣ аз эҷодиёти Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ дар муассисаҳои таълимии санъат ва фарҳангии кишвар , тарғиби ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ дар воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои фарҳангии кишвар, баргузории Фестивали ҷумҳуриявии сарояндагони касбӣ бахшида ба 100- солагии Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ , таҳияи филми ҳуҷҷатӣ оид ба фаъолияти эҷодии Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ, нашри куллиёти асарҳои мусиқии З.Шаҳидӣ ва тарҷумаи китоби Е. Орлова «Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ», ҳамчунин баргузории маҷлиси тантанавӣ ва барномаи консертӣ бахшида ба 100- солагии Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ аз ҷумлаи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба ин ҷашни дарпешистода арзёбӣ ва баррасӣ шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






