Моҳи январ футболбози беҳтарини Тоҷикистон номбар мешавад
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар»).- 10 январ маросими ботантанаи мукофотонидани ғолибони мавсими футбол дар соли 2013 баргузор мегардад. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин маросим, ки дар он натиҷаи мавсими соли гузашта ҷамъбаст мегардад, дастаҳои ғолиби лигаҳои олӣ ва якум, мураббиҳо, доварон, собиқадорони футболи тоҷик, ҳамчунин меҳмонони сершумор иштирок менамоянд. Дар ҷараёни маросими ботантана ба ғолибону ҷоизони мусобиқоти лигаи олии Тоҷикистон дар соли 2013 — дастаҳои «Равшан», «Истиқлол» ва «Хайр» медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ супурда мешаванд. Ғолибону ҷоизони лигаи якум – дастаҳои «Саройкамар» — и Панҷ, «Эсхата» — и Хуҷанд ва «Далерон» — «Уротеппа» — и Истаравшан» медалу мукофот мегиранд. Ғайр аз ин дар маросими мукофотонӣ ҷоизони бахшҳои «Дарвозабони беҳтарин», «Муҳофизи беҳтарин», «Ниммуҳофизи беҳтарин», «Ҳамлагари беҳтарин», «Нишонгири беҳтарин», «Мураббии беҳтарин», «Довари беҳтарин», «Бозингари беҳтарини хориҷӣ», «Футболбози беҳтарини дар мусобиқоти кишварҳои дигар иштирокдоштаи тоҷик», «Бозингари беҳтарини футболи занона», «Бозингари беҳтари футзал», «Бозингари беҳтарини ҷавон», «Мураббии беҳтарини дастаи кӯдакон» ва «Футболбози беҳтарини Тоҷикистон» номбар мешаванд. Қобили зикр аст, ки солҳои гуногун шаш нафар футболбозони ҷумҳурӣ соҳиби мукофоти «Бозингари беҳтарини соли Тоҷикистон» гардида буданд. Инҳо Хуршед Маҳмудов, Нӯъмон Ҳакимов, Аслиддин Ҳабибуллоев, Анвар Норқулов, Юсуф Рабиев ва Дилшод Восиев мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






