Муҳокимаи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА

Январь 23, 2014 13:04

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар»).- 22 январ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҳайати муштараки Шветсия ва Дания дар Ассамблеяи парлумонии САҲА – ро ба ҳузур пазируфт.Назар ба хабари намояндаи ВКХ ҶТ, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА – ро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимни мулоқот ҳамчунин перомуни масоили рушди иқтисодӣ, муҳоҷират ва таъмини амнияти Осиёи Марказӣ табодули афкор баргузор шуд.

Январь 23, 2014 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш