Муборизаи гӯштингирони тоҷик дар Алмаато
Душанбе, 24 январ. (АМИТ “Ховар”, Ситора Раҷабова).- 25-ум ва 26-уми январи соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи байналмилӣ миёни мардон ва занон дар ду намуд самбои варзишӣ ва самбои размӣ барои ба даст овардани ҷоизаи Президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев доир мегардад.Дар мусобиқаи мазкур беш аз 350 гӯштингир аз 17 кишвари ҷаҳон — Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Руминия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина иштирок ва миёни ҳам барои ба даст овардани ҷоизаи мусобиқа қувваозмоӣ менамоянд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 14 гӯштингир дар намуди самбои варзишӣ байни мардон таҳти раҳбарии мураббӣ Фарҳод Раҳматуллоев намояндагӣ мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






