Муфаттиши Оҷонсии фасод ифтитоҳи парванда алайҳи Миниқуловро рад кард
Душанбе, 8 январ». (АМИТ «Ховар»). — Одинаев Амрияздон, муфаттиши раёсати Оҷонсии зидди фасод дар Душанбе иттилои қаблан паҳнкардаи ин ниҳодро дар мавриди ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи масъули Академияи улуми Тоҷикистон, Миниқулов Насриддин Худойбердиевич, беасос хонд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар сомонаи расмияш хабар дод, ки алайҳи мудири гурӯҳи ситораҳои тағйирёбандаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон, Миниқулов Насриддин Худойбердиевич парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст. Ин ниҳод иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ва санҷиши кор дар Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян карда шуд, ки дар давраи солҳои 2011-2013 Миниқулов Насриддин Худойбердиевич аз ваколатҳои мансабии худ суистифода намуда, маблағҳои барои таъмири Расадхонаҳои ноҳияҳои Данғара ва Ҳисор вобасташударо, ки 108 ҳазору 432,8 сомониро ташкил медиҳад, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Оҷонсии фасод дар сомонааш таъкид карда буд, ки парванда алайҳи Миниқулов моҳи ноябри соли 2013 оғоз гардида, айни ҳол мавриди тафтиш қарор дорад.
Манбаъ ozodagon.tj








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






