Мулоқот бо президенти ширкат

Январь 27, 2014 11:32

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо президенти ширкати «Tethys Petroleum Limited» — и Фаронса Дэвид Робсон баргузор гардид. Назар ба хабари ВКХ ҶТ, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро бо камоли қаноатмандӣ зикр намуданд.Ҳамчунин ҷиҳатҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба дар бахши иктишофу истихроҷи нафту газ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, перомуни рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба табодули афкор баргузор гардид.

Январь 27, 2014 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш