Мулоқоти Ш. Саид бо дипломати Ҷопон

Январь 8, 2014 11:25

Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- 7  январ  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  бо  Сафири  Ҷопон  дар ҶТ  Хироюки  Имахаши  мулоқот  анҷом  дод. Дар  ин  бора  аз  маркази   матбуоти ПСС ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд. 
 
Шариф  Саид   дар ҷараёни  мулоқот  зарурати  вусъат  бахшидани  сармоягузории   муштарак   ҷиҳати  татбиқи  лоиҳаҳои  бахши   коркарди  маҳсулоти   кишоварзӣ  ва  захираҳои табии  Тоҷикистон бо  истифода  аз  технологияҳои ҷадид  ва  таҷҳизоти  нави  Ҷопон, таъсиси  корхонаҳои  муштараки  ҷамъоварӣ ва  коркарди гиёҳҳои  шифобахш  ва  асалро қайд  намуд. Ғайр  аз  ин  зикр  шуд, ки  Тоҷикистон хоҳони  ба даст  овардани  таҷҳизоти  тиббию  ташхисӣ  мебошад. 
 
Дипломати  Ҷопон  дар навбати  худ  қайд  намуд, ки  вазифаи   асосии  худро  дар   рушди   минбаъдаи  робитаҳои  тиҷоратию  иқтисодӣ  бо  Тоҷикистон  ва  тақвият  бахшидани   ҳамкории  мутақобилан  муфид  мебинад. «Ҳукумати  Ҷопон  рушди  фаъолияти  тоҷирони  Ҷопон  дар  бозори  Тоҷикистонро  дастгирӣ  менамояд», — гуфт  Хироюки  Имахаши.

Январь 8, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш