Мушкилоти муҳоҷирон рафъ мешавад
Душанбе, 22 январ. (АМИТ Ховар, Манижа Баҳромзода).- Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия дар сомонаи худ (http://services.fms.gov.ru/) сервиси махсусеро роҳандозӣ кардааст, ки тавассути он афроди алоқаманд барои сафар ба Русия метавонанд мушаххас кунанд, ки оё ҳаққи вуруд ба ин кишварро доранд ё не. Роҳандозии чунин тарҳ имкон медиҳад, ки: «хориҷиёне, ки исмашон пас аз тарки Русия дар феҳристи афроди мамнуъ-ул-вуруд ворид шудааст, аз мушкилоти эҳтимолӣ дар марз ҷилавгирӣ кунанд.» Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,ки дар ин иттилоия шарҳ дода шудааст, муҳоҷироне ки дар тӯли будубоши худ дар Русия дар се сол ду бор ҷазои маъмурӣ дидаанд, барои се сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешаванд. Ҳамчунин хориҷиёне, ки дар тӯли як сол бештар аз як бор дар Русия муқаррароти сабти ном ва ё корро нақз кардаанд, ба муддати панҷ сол мамнуъ-ул-вуруд хоҳанд шуд. Дар иттилоияи ФМС дар бораи роҳандозии сервиси ҷадид барои таъйиди иҷозаи вуруд барои шаҳрвандони хориҷӣ чунин омадааст: «Ҳамакнун исми шаҳрванди хориҷие, ки муҳлати иқомати қонунӣ дар кишвари моро (120 рӯз) нақз кардааст, пас аз хуруҷаш аз кишвар ба худии худ ба феҳристи мамнуъ-ул-вурудон ба муддати се сол ворид мешавад.» Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Русия аз аввали сол то ҳоло бо кумаки ин феҳрист аз вуруди ҳудуди 400 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар ҷилавгирӣ шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






