Мушоҳидаҳо дар ҳудуди таъсири МБГ-2
Душанбе, 30.01. 2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Аз давраи ба кор шурӯъ намудани Маркази барқу гармдиҳӣ №2-и пойтахт аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхисҳои доимӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, рўзи 27.01.2014 дар ҳудуди таъсири Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе, ки дар қисмати шимоли пойтахт сохта шуда истодааст ва дар айни замон як генератори марказ бо қудрати 40-45 мегаватт ба кор омода шудааст, мушоҳидаҳо дар реҷаи мониторинги навбатии ҳолати ҳавои атмосфера дар масофаи аз 1 то 3 км аз манбаи партов гузаронида шуданд.
Башид Суриев, сардори Маркази назорати таҳлилии кумита дар ин маврид гуфт: «Ташхису мушоҳидаҳо дар мавзеъҳои маҳаллаи Лучоб, дар назди Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии ба номи С. Раҳимов, масҷиде, ки сохтмонаш давом дорад, дар дохили Боғи истироҳатии пойтахт, Боғи ботаникии Душанбе ва назди бинои мактаби таҳсилоти миёнаи №70 бо истифодаи озмоишгоҳи мобилии сайёр гузаронида шуданд.
Мушоҳидаҳо аз соати 14:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ амалӣ шуданд. Дар ин вақт ҳарорати ҳаво дар ҷойҳои тахшисшуда 9оС, фишори ҳаво 697мм, намнокии ҳаво 46% ва суръати шамол ба самти ҷанубу ғарб аз 3 то 5 м/с ба қайд гирифта шуд.
Натиҷаҳои ташхис нишон медиҳанд, ки консентратсияи ҳафт моддаи ифлоскунанда аз меъёри ҳадди ҷоиз аз 10 то 20 маротиба камтар мебошад».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






