Мусобиқаҳои варзишӣ дар таътил

Январь 8, 2014 15:36

Восеь, 8 январ. (АМИТ «АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар таътили зимистонаи мактаббачагон бо ибтикори мактаби варзишии ноҳияи Восеъ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар байни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуданд. Нахуст дар толори мактаби варзишии ноҳия мусобиқа байни наврасон аз намуди гӯштини миллӣ дар 11 вазн баргузор гардид, ки дар он беш аз 80 нафар наврас иштирок ва бо ҳам сабқат намуданд. Мусобиқаи гӯштини миллӣ байни наврасон хеле шавқовар сурат гирифта, варзишгарони наврас аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд. Дар фарҷоми мусобиқа аз ҷониби мактаби варзишии ноҳия ба ғолибону беҳтаринҳо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Мусобиқаҳо то охири таътили зимистона дар дигар бахшҳои варзишӣ идома хоҳанд ёфт.

Январь 8, 2014 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш