Мусодираи ҳаҷми калони ҳашиш аз ҷониби мақомоти амният
Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 3 кўшиши интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ шуда, аз қочоқчиён силоҳи оташфишон ва қариб 57 килограмм маводи нашъадор мусодира гардид.
Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аввали моҳи январ дар мавзеи наздисарҳадии Наводаки ноҳияи Шуғнон амалиёт доир шуд. Марзшиканон баъди ошкор шуданашон аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик қаиқи резинӣ ва борро партофта, ба самти Афғонистон фирор карданд. Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 13 килограмму 500 грамм ҳашиш мусодира шуд.
Дар ҷараёни чорабинии дигар, ки рӯзи 17-уми январ дар ҳудуди деҳаҳои наздимарзии Деҳрӯшон ва Вамди ҷамоати Додихудоеви ноҳияи Рӯшон гузаронида шуд, сарҳадшикан ҳоҷӣ Гулмамад фарзанди Ҷовид, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҶИА), сокини деҳаи Ҷоведи улусволии Шуғнони Афғонистон ба амри наряди сарҳадӣ дар бораи истодан итоат накарда, аз силоҳи оташфишон ба ҷониби онҳо тир кушод. Дар натиҷа марзбонон бо такя ба Қонуни ҶТ «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадӣ «Оид ба ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал карда, ин қочоқчиро безарар гардониданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 1 адад туфангчаи тамғаи «ПМ», 1 камераи резинӣ ва тақрибан 11 килограмм ҳашиш мусодира гардид.
Шаби 18-уми январ дар ҳудуди деҳаи Виружаки ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон аз тарафи қочоқчиён ошкор шуд. Дар натиҷаи задухӯрд марзшиканон бо истифода аз торикии шаб ва кам будани оби дарёи Панҷ ба тарафи Афғонистон паноҳ бурданд. Дар ҷойи воқеа 32 килограмм ҳашиш ёфта, гирифта шуд. Муайян шудааст, ки ин миқдор бори марговари маводи нашъадор ба сарвари гурӯҳи қочоқчиён мулло Сафар валади Оламдод, бо тахаллуси “Байдулло”, сокини деҳаи Чавгонтарошони улусволии Шуғнони вилояти Бадахшони ҶИА тааллуқ дорад.
Дар айни замон нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, корҳои тафтишоти пешакӣ идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






