Мусоидати САҲА барои нест кардани аслиҳа
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ба назорати нест намудани беш аз ҳазор адад аслиҳаи оташфишоне, ки аз аҳолии маҳаллӣ мусодира шуда ва аз пинҳонгоҳҳо пайдо гардидаанд, шурӯъ намуд.Тавре ки аз дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, ин амалиётро Раёсати таъминоти моддию техникӣ ва ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, барои татбиқи он САҲА техникаи махсус ҷудо кардааст. Мутахассисони Вазорат бо истифода аз ин техника дар давоми ду ҳафта 1165 адад аслиҳаро нест мекунанд.Мувофиқи суханони намояндаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ генерал – майор Фарҳод Шодмонбеков, теъдоди аслиҳаи мусодирашуда сол аз сол кам гардад ҳам, вале ҳанӯз дар ҳама ҷойҳои кишвар пинҳонгоҳҳои аслиҳа пайдо мегарданд. Дастгирии доимии САҲА, ки мақсад аз он таҳким бахшидани қудрати кишвар барои нест кардани аслиҳа мебошад, барои Тоҷикистон аҳамияти зиёд дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






