Мутобиқсозии стандартҳои миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ

Январь 9, 2014 09:35

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи барқӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ва «Барномаи давлатии «Сифат» барои солҳои 2013-2015» дар давоми соли 2013 аз тарафи мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар асоси дасурҳо ва меъёрҳои стандартҳои Иттиҳоди Аврупо ва Русия 5 стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯии энергия — 1.СТ ҶТ ГОСТ Р 51379 «Шиносномаи энергетикии истеъмолкунандаи саноатии захираҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ», СТ ҶТ ГОСТ Р 51387 «Сарфаҷӯии энергия. Таъминоти меъёрӣ-методӣ. Қоидаҳои асосӣ», СТ ҶТ ГОСТ Р 51380 «Сарфаҷӯии энергия. Тарзҳои тасдиқи мутобиқати нишондиҳандаҳои самаранокии энергетикии маҳсулоти энергияистеъмолкунанда ба қиматҳои меъёрии онҳо. Талаботи умумӣ», СТ ҶТ ГОСТ Р 51541 «Сарфаҷӯии энергия. Самаранокии энергетикӣ. Таркиби нишондиҳандаҳо. Қоидаҳои асосӣ», СТ ҶТ 51388 «Иттилоотонии истеъмолкунандагон дар бораи самаранокии энергетикии молҳои муқаррароташон маишӣ ва коммуналӣ» таҳия шуда, баъди муҳокимаи аъзои Кумитаи техникӣ «Оид ба сарфаҷӯию самаранокии энергия ва энергоменеҷмент» тасдиқ ва аз аввали соли ҷорӣ ба истифода дода шуданд.Мавриди зикр аст, ки қабул ва мавриди истифода қарор додани стандартҳои мазкур барои муайян намудани мувозинати аслии истеъмоли захираҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ (ЗСЭ), баҳо додани нишондиҳандаҳои самаранокии энергетикӣ ва ташкил намудани чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯии энергия, истифодаи самараноки ЗСЭ дар объектҳои энергияистеъмолкунанда (дастгоҳҳо, таҷҳизот, маҳсулоти таъйиноташон истеҳсолӣ-техникӣ ва маишӣ), равандҳои технологӣ, кору хизматрасонӣ, маводу молҳое, ки истифодаи онҳо аз рӯи таъйиноташон бо харҷи (талафоти) ЗСЭ алоқаманд аст, равандҳои технологие, ки ЗСЭ-ро истеъмол (талафот) мекунанд, инчунин ба ҳама намуд фаъолияти ба самти истифодаи оқилона ва сарфаи ЗСЭ равонакардашуда дахл дорад, мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, шаклҳои иттилоотонии истеъмолкунандагонро оид ба самаранокии энергияи асбобҳои маишӣ, маснуот ва маводи ҷудокунандаи гармӣ, таҷҳизоти энергетикии гармӣ, нақлиёти автомобилии инфиродӣ, талаботу қоидаҳои умумӣ ва ҳаҷми иттилоот оид ба самаранокии энергия, ки онро ба маълумоти истеъмолкунандагон расонидан зарур аст, дараҷаҳои самараноки энергия, шохисҳо (индексҳо)-и сарфаҷўии энергияи истифодабарии асбобҳои маиширо муқаррар менамоянд ва ба маснуоти энергияистеъмолкунандаи таъйиноти маишӣ ва коммуналие татбиқ мегарданд, ки ба таври оммавӣ истифода мешаванд ва ё миқдори зиёди захираҳои сўзишворию энергетикӣ истеъмол мекунанд.

Январь 9, 2014 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!