Н. Мансуров: «Судяҳои суди иқтисодӣ ҷиноят содир накарданд»
Душанбе, 2 3 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова)- «Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби марҳилаҳои судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 454 парванда ва 298 арзу шикоят баррасӣ гардид»,-иброз дошт Наим Мансуров, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки маблағи умумии даъвоҳо аз рӯи парвандаҳои ҳалшуда 59 миллиону 647 ҳазору 346 сомониро ташкил медиҳад. Аз маблағи даъвоҳои қаноатшуда ба мақомоти давлатӣ 19 миллиону 38 ҳазору 694 сомонӣ гузаронида шуд. Аз рӯи аризаҳои даъвогӣ, шикоятҳои кассатсионӣ ва назорати боҷи давлатӣ ба фоидаи буҷети давлат маблағи 1 миллиону 345 ҳазору 575 сомонӣ супорида шудааст. Дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Суди Олии иқтисодӣ гуфт, ки: «Соли сипаригардида аз ҷониби кормандони судҳои иқтисодӣ ягон ҷинояти коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта нашудааст. Онҳо баръакс кӯшиш менамоянд, ки пеши роҳи ҳама гуна ҷиноятҳоро гиранд».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






