Нақшаҳои умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- «То имрӯз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нақшаҳои умумии 36 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро таҳия намуда, корҳо барои танзими нақшаҳои умумии шаҳрҳои Панҷакент, Қайроққум, ноҳияҳои Бохтар, Ҷомӣ, Восеъ ва Ғончӣ идома доранд. Нақшаҳои умумии 9 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз қабили Румӣ, Дарвоз, Вахш, Спитамен, Истиқлол, Темурмалик, Мӯъминобод, Ванҷ ва шаҳраки Исоеви ноҳияи Румӣ тарҳрезӣ шудаанд», — гуфт раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият дар соли 2013. Абдувалӣ Комилов зикр намуд, ки мувофиқи дурнамои чорабиниҳои кумита бояд нақшаҳои умумии 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






