Наҷоти амволи соҳибкорон ба маблағӣ 10 млн. сомонӣ дар «Саховат»
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Расиши кўтоҳи ноқилҳое, ки аз манбаи қувваи барқ ба нуқтаҳои савдо кашида шудаанд, ҳангоми хомўшу даргиронии қувваи барқ шарораи аз ноқилҳо ба амал омада, ба болопўши селофании нуқтаи савдо афтида, сабаби сар задани сўхтори шадид дар бозори «Саховат»-и Кӯлоб гардид. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД иттилоъ медиҳад. Манбаъ меафзояд, ки бинобар сабабе, ки молу ашёи мавҷуда аз маҳсулоти синтетикӣ ва оташангез иборат буд, сўхтор дар як фурсати кўтоҳ масоҳати зиёдро фаро гирифта, дар натиҷа нуқтаҳои савдоро дар масоҳати 3028 метри мураббаъ туъмаи оташ гардонид.Барои ҳар чи зудтар хомўш кардан ва наҷот додани молу ашёи соҳибкорон аз сўхтор 16 адад воситаҳои нақлиёти оташнишонӣ, 2 адад мотопомпаҳои қисмҳои оташнишонии ноҳияҳои минтақа ва 4 адад мошинҳои обкаши шаҳри Кўлоб сафарбар шудаанд.Бо мақсади хомўш намудани сўхтор ва роҳ надодан ба паҳншавии оташ ба дигар нуқтаҳои савдо, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб, кормандони ғайриштатӣ ва дружиначиҳои ихтиёрӣ бо теъдоди 1400 нафар, кормандони прокуратура ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Кўлоб, дар маҷмўъ 2000 нафар иштирок намуданд.Ёдовар мешавем, ки сўхтор соати 2-15 дақиқаи шаб бо кўмаку дастгирӣ ва талошу кўшиши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва дигар мақомот хомўш карда шуда, ба маблағи 10 миллион сомонӣ молу амволи соҳибкорон аз нобудшавӣ наҷот дода шуд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






