Намоиши аксҳои Шӯҳратҷон Ёров дар Олмон
Душанбе, 30.01.2014.(АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова)-Аз 22-юми январи соли равон дар шаҳри Берлини Олмон аксҳои Шӯҳратҷон Ёров таҳти унвони «Тоҷикистони ман» ба маърази тамошо гузошта шуд, ки он то 5-уми феврал идома меёбад.
Намоиши мазкур бо ибтикори Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон баргузор мегардад. Дар ин намоиш зиёда аз 80 акси ин суратгир пешкаши тамошобинони олмонӣ гардонида мешаванд, ки бахшҳои таърихӣ, фарҳангӣ, чеҳраҳо ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистонро фарогиранд.
Бояд ёдовар шуд, ки намоиши аксҳои Шӯҳратҷон Ёров дар кишварҳои Туркманистон, Покистон, Болорусия, Русия ва Салтанати Уммон низ ба намоиш гузошта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






