Натиҷагирӣ аз фаъолияти ДМИТ
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ). — «Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 6 факултет, 18 кафедраи тахассусӣ ва 6 кафедраи умумидонишгоҳӣ, ки аз рӯи 30 ихтисос мутахассисонро тайёр менамоянд, фаъолият доранд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 23 январ ректори донишкада Ашӯрбой Солиев.Зикр гардид, ки дар соли таҳсили 2013-2014 дар донишкада 366 нафар устод, ки аз он 14 нафар доктори илм, 97 нафар номзади илм ва 225 нафар устоди беунвон аст, фаъолият доранд. А. Солиев иттилоъ дод, ки шумораи умумии донишҷӯён дар нимсолаи якум 6423 нафарро ташкил медиҳад, ки 3585 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 2838 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Зикр гардид, ки дар донишкада 12 нафар ятими кулл таҳсил мекунад, ки онҳо аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишкада ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Дар баробари ин, ДМИТ сарпарасти мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоиашон паст дар ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






