Нигаронии М. Убайдуллоев аз қонуншиканиҳо дар пойтахт

Январь 22, 2014 11:14

Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим). — 20 январи соли равон дар ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи масъулинро ба сифати таълиму тарбия, донишу рафтори мактабиён, риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҷоннок намудани фаъолияти кумитаҳои падару модарон ҷалб намуда, дастур додааст, ки раисони ноҳияҳо то 1 феврали соли ҷорӣ ҳолати мактабу муассисаҳои томактабиро шахсан аз назар гузаронида, ба раиси шаҳр маълумот манзур созанд. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақл аз хабари шаҳрдорӣ мегӯяд, Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбат ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ зимни баргузории ҷашну маъракаҳо дар шаҳр изҳори нигаронӣ карда, масъулини соҳа, аҳли ҷамоат ва васоити ахбори оммаи шаҳриро вазифадор намудааст, то баҳри расидан ба таъмини риояи муқаррароти қонунгузории амалкунанда тадбир андешанд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои сомонаи расмии кумита (www.din.tj) танҳо дар соли 2013 дар миқёси мамлакат 394 ҳолати вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин рақам 72 ҳолат ба шаҳри Душанбе рост меояд.

Январь 22, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд