Оғози курсҳои омӯзишӣ дар «Маркази миллии тестӣ»

Январь 7, 2014 10:37

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» даври ниҳоии курсҳои омӯзишӣ барои кормандони соҳаи маорифи тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати ташкили корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳии моҳият ва раванди низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро баргузор намуд.Рӯзи аввали омӯзиш дирӯз дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ оғоз гардида , то 6 рӯз идома меёбад. Дар он намояндагони 72 шаҳру ноҳияи кишвар ширкат дошта, ба онҳо мутахассисони Маркази миллии тестӣ нозукиҳои низоми нави имтиҳонсупориро меомӯзанд. Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саидов дар оғози семинар гуфт, барои кор бо ин низом огоҳии хуб бо технологияи информатсионӣ ва истифодаи тахтаи электронӣ зарур аст.Ба таъкиди ӯ агар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ки ҳамасола ҳудуди 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, аз технологияи муосир бархурдор набошанд, фаъолияти Маркази миллии тестӣ самарае нахоҳад дод. Аз ин рӯ, барои он, ки хонандагон бо ин низом ва тарзи корбурди он ба хубӣ ошно шаванд, нахуст кормандони Вазорат ва шуъбаҳои маориф ва баъдан омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд, иброз намуд Нуриддин Саидов.Ба иттилои масъулон, имсол тақрибан 38 ҳазор нафар танҳо пас аз супурдани имтиҳон дар Маркази миллии тестӣ ва шуъбаҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар донишҷӯи донишгоҳҳои олии мамлакат мегарданд. Ин раванди дохилшавӣ ба макотиби олӣ барои санҷиши дониши хатмкунандагони мактабҳо шаффофу одилона арзёбӣ шуда, ҳамчунин дар интихоби нафарони арзанда ва аз миён бардоштани фасод мусоидат менамояд. Ёдрас мешавем, ки даври дуюми корҳои фаҳмондадиҳӣ шуруъ аз 13-уми январ то 18-ум ва аз 20-ум то 25-уми январ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо иштироки директорони мактабҳо, роҳбарони синфҳои болоӣ ва падару модарон сурат мегирад.

Январь 7, 2014 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад