Оғози расмии фаъолияти маркази гармидиҳӣ бо иштироки Э. Раҳмон
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қисмати якуми маркази гармидиҳии рақами 2 шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшид. Зикр шуд, ки мувофиқи иқтидори лоиҳавӣ маркази гармидиҳии рақами 2 шаҳри Душанбе 50 мегаватт нерӯи барқ тавлид мекунад. Қаблан Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар дода буд, ки дар оянда ин маркази гармидиҳӣ ба шабакаи ягонаи нерӯи барқи Тоҷикистон пайваст мегардад ва барои фаъолияти пурраи он ҳар моҳ беш аз 22, 3 ҳазор тонна ангишт зарур аст. Гуфта мешавад, навбати дуюми маркази гармидиҳии рақами 2 шаҳри Душанбе дар давоми соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






