Ободии кишвар аз бунёди боғҳост
Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз бо иштироки директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматов ва муовинони он баргузор гардид, зикр шуд, ки соли сипаригардида дар майдони умумии 1 ҳазору 991 гектар корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор гузаронида шуданд. Аз ҷумла, дар майдони 1 ҳазору 129 гектар бо тарзи шинондани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва дар майдони 862 гектар бо усули кишти тухмии дарахтону буттаҳо иҷро гардид. Аз ҳаҷми умумии корҳои иҷрошуда дар майдони 286,5 га пистазор, 417,1 га чормағззор, 27,3 га хучзор, 132,5 га ангатзор, 276,4 га бодомзор, 69,3 га ҷангалҳои дарахтони мевадиҳанда, 47,4 га боғҳои дарахтони мевадиҳанда, 42,5 га сӯзанбарг, 50,1 га дарахтони сояафкан, 157,8 га сафедор бунёд гардид.
Азизулло Исматов ҳамчунин изҳор дошт, ки барои чарогоҳҳо дар майдони 284,1 га кишти тухми саксавул ва тибқи барномаи соҳавӣ оид ба бунёди майдонҳои саноатии сафедор барои истеҳсоли чӯби корӣ дар 21 хоҷагии ҷангал, аз майдони умумии сафедор дар 62,5 гектараш сафедор бунёд шуд.
Таъкид карда шуд, ки аз ҳаҷми умумии корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзору боғҳо дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 363,3 гектар, Хатлон 898,5 гектар, ВМКБ 252 га, ноҳияҳои тобеи марказ 477,2 гектар иҷро шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






