Озмуни суратгирон

Январь 8, 2014 11:25

Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова).- Раёсати  кор бо  ҷавонон,  варзиш  ва  сайёҳии  пойтахт  озмуни  суратгирони  хоҳишманду  касбиро  таҳти  унвони  «Сад  расми  зебо,  слайд  ва  наворҳои  маҳалҳои  сайёҳии   шаҳри  Душанбе»  эълон  кард. 
 
Назар  ба  гуфтаи  ташкилкунандагони  озмун,  иштироккунандагони  он  метавонанд  суратҳои  ҳаргуна  ҷойҳои   зебои   Тоҷикистонро  ирсол  намоянд. 
 
Хотирнишон  месозем, ки хоҳишмандон  метавонанд  асарҳои  худро то  15  январ  ба  озмун  пешниҳод  кунанд. Натиҷаи  озмун 20  январ  эълон  мегардад.  Ғолибони озмун  бо  диплому  тӯҳфаҳои  қиматбаҳо  ва  мукофотҳои  хотиравӣ  қадр  карда  мешаванд. 

Январь 8, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш