Пайванди гурда дар Тоҷикистон
Душанбе, 16 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). – Дар давоми соли 2013 ба зиёда аз 70 нафар беморон амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шуд, ки 6 нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нусратулло Салимов дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз доир гардид, иттилоъ дод. Вай афзуд, ки дар муассисаҳои тиббии мамлакат усулҳои муосири ташхису табобат гузаронида мешаванд, ки соли 2013 дар маҷмӯъ 1095 амалиётҳои ҷарроҳии дилу рагҳо, 1805 амалиёти ангиография, 239 амалиёти стентгузорӣ ҷараён гирифт. Инчунин дар ин давра аввалин маротиба ба 3 нафар наврасони синни 13-15 сола ҷарроҳии пайвандсозии гурда гузаронида шуд. Вазири тандурустӣ иттилоъ дод, ки моҳи декабри соли гузашта аввалин маротиба дар Тоҷикистон бо дастгоҳи даруннигарии ҷарроҳии асаб дар сутунмӯҳра амалиёти бобарор гузаронида шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






