Паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар» Муқаддас Кушакова).- Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси олӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ҳамчунин созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» баррасӣ ва тасдиқ гардид.Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхон, муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Ғафуров, вакили Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба созишномаи мазкур Шарофиддин Сироҷов суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки мақсади созишномаи мазкур ин паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ тавассути бунёди системаи устувори зидди обхезӣ ва системаи обёрие, ки пурзўркунии идораи обхезӣ ва таҷдиди инфрасохтори ирригатсионӣ, таҷдиди инфрасохтори обтаъминкунии оби нўшокӣ дар маҳаллаҳои эҳтиёҷдошта, пешниҳоди ёрии молӣ ба гурўҳҳои эҳтиёҷманд, хусусан ба занон ва мустаҳкам намудани иқтидори кумитаҳо оид ба идораи офатҳои табиӣ ва иттиҳодияҳои истифодабарандагони обро дар бар мегирад.Зикр карда шуд, ки арзиши умумии лоиҳа 24,70 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, тавассути гранти Фонди стратегии тағйирёбии иқлим ба воситаи Бонки Осиёии Рушд иборат аз 21,55 млн. доллари ИМА, саҳми Институтҳои молиявӣ 0,76 млн. доллари ИМА ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,39 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мегардад.Лоиҳаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Кўлоб, Восеъ, Дарвоз, Ишкошим, Рўшон ва Роштқалъа татбиқ мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






