Пешниҳоди зиёда аз 9 ҳазор ҳисоботи оморӣ дар соли 2013
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаригашта 9427 ҳисоботи оморӣ пешниҳод намуд, ки ин 100 фоизи иҷрои нақшаи корҳои омориро дар соли 2013 ташкил медиҳад. Дар ин бора зимни ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор иттилоъ дода шуд.Тавре ки сомонаи расмии агентии мазкур хабар медиҳад, инчунин дар давоми соли 2013 124 қарору 284 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1048 мактуб аз вазорату идораҳо ворид гардид, ки он сари вақт иҷро ва мувофиқи дархост ҷавоб фиристода шуд. Дар самти таҳлил ва мониторинги татбиқи барномаҳои гуногуни соҳавӣ ва минтақавӣ мунтазам маълумотҳо омода ва гузоришҳою маҷмӯаҳои оморӣ таҳия шуда, сари вақт ба истифодабарандагон пешниҳод шуданд. Зикр гардид, ки дар ин самт бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда шудааст ва он минбаъд низ идома меёбад.Таъкид гардид, ки дар соли 2013 аввалин бор барӯйхатгирии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, иҷрои дигар корҳои вобаста ба коркарди мавод ва баровардани натиҷаҳои барӯйхатгирӣ тибқи нақшаҳои муқарраргардида ба анҷом расонида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






