Пешравиҳо назаррасанд

Январь 7, 2014 15:43

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дар соли сипаригардида Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он аз ҷиҳати экологӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, гуфт корманди ҳамин Раёсат Саидаҳмади Акрампур, ба мухбири АМИТ «Ховар». Аз суханҳои вай бармеояд, ки нисбат ба вайронкунандагони қонунгузориҳо дар самти муҳити зист ба 1790 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 140000,0 сомонӣ ҷарима баста шуд. Зарари экологӣ ба маблағи 381000 сомонӣ буда, аз он ба маблағи 46600,00 сомонӣ рӯёнида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21600 сомонӣ зиёд мебошад. Ғайр аз ҷаримабандӣ барои озодагию ободонии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он кормандони Раёсати мазкур бо ҳамроҳии шаҳрвандон дар кӯчаю хиёбонҳо шанбегиҳо гузаронида, ҳар рӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» аз ҳисоби корхонаҳои партовкашонии ноҳияҳои пойтахт ва корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳисоби миёна 600-800 тонна партовҳо бароварда мешаванд. Ҷиҳати ба тозагӣ риоя намудани шаҳрвандон дар мактабҳои олӣ конфронс дар мавзӯи «Мушкилоти муосири биосфера», дар мактабу кӯдакистонҳо оид ба баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии хонандагон суҳбатҳо гузаронида шуданд. Умуман барои баланд бардоштани ҳолати санитарию экологии муҳити шаҳр соли гузашта кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар байни ҷомеа боз як қатор корҳои фаҳмондадиҳию профилактикиро гузарониданд, ки натиҷаи онҳо хеле назаррас буд.

Январь 7, 2014 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад