Рӯзҳои дарҳои кушода дар Донишкадаи санъати тасвирӣ

Январь 27, 2014 11:30

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Дар ҳошияи рӯзҳои дарҳои кушода аз 23 то 25 январ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва зебосозӣ намоишгоҳ доир гардид. Дар намоишгоҳ ҳайкалҳои аз гаҷ сохташуда, расмҳои бо техникаи гуногун эҷодшуда ва ғайра ба маърази намоиш гузошта шуданд. Дар анҷоми фаъолияти намоишгоҳ намунаҳои либоси имрӯзаи миллӣ — маҳсули донишҷӯёни донишкада муаррифӣ карда шуданд. Хотирнишон месозем, ки Донишкадаи санъати тасвирӣ ва зебосозӣ соли 2013 дар заминаи Донишкадаи санъат ба номи М.Турсунзода ва коллеҷи рассомии ба номи М.Олимов таъсис ёфта буд. Алҳол дар донишкада 14 факулта, аз ҷумла факултаи зебосозии манзаравӣ, кандакорӣ, санъати монументалию декоративӣ фаъолият доранд.

Январь 27, 2014 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш