«Равшан» рӯйхати бозингаронашро барои Ҷоми АФК-2014 пешниҳод намуд

Январь 7, 2014 10:38

Душанбе, 7 январ, (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-Қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон — дастаи Равшан-и Кӯлоб рӯйхати бозингаронашро барои ширкат дар Ҷоми АФК-2014 муайян намуда, ба Конфедератсияи футболи Осиё пешниҳод кард.Дар ин рӯйхат номи 24 футболбоз навишта шудааст, ки аз ин миён се нафарашон легионерҳо мебошанд: Мусо Содиқ (Эрон), Гершон Акуффо (Гана) ва Сайриддин Ғаффоров (Ӯзбекистон). Тибқи муқаррароти АФК, роҳбарияти «Равшан» метавонад то ҳафт рӯзи қабл аз бозии аввал боз панҷ нафари дигарро пешниҳод кунанд.Ёдовар мешавем, ки тими Равшан-и Кӯлоб қувваозмоиро дар Ҷоми АФК-2014 аз даври плей-офф оғоз намуда, рӯзи 2-юми феврал дар нахустин дидор бо тими Ал-Ярмук-и Яман дар яке аз варзишгоҳҳои Тоҷикистон ба сабқат мебарояд.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Январь 7, 2014 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд