Рушди картошкапарварӣ дар Фархор
Фархор, 9 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар асоси «Барномаи давлатӣ оид ба рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар ва зиёд намудани истеҳсоли картошка соли равон дар хоҷагиҳои ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мувофиқи дурнамо бояд дар майдони 215 гектар кишти картошка гузаронида шавад. То имрӯз аллакай дар майдони беш аз 135 гектар кишти хушсифати картошка гузаронида шудааст. Бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Фархор кишти картошка идома дошта, аз 60 гектари дурнамо хоҷагидорон дар майдони 36 гектар кишт гузарониданд. Хоҷагидорон ният доранд бо тавсияи олимони соҳа кишти картошкаро мувофиқ ба қоидаҳои агротехникӣ ба анҷом расонанд.Дар хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор дар баробари дигар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби картошкапарварӣ хоҷагидорон даромади хуби иқтисодӣ ба даст меоранд. Соли гузашта ҳосилнокии картошка дар аксар хоҷагиҳо ба 250 сентнерӣ расонида шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






