Сӯхтор аз беаҳамиятӣ
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова),- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз бо иштироки муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Бузмаков баргузор гардид, хабар дода шуд, ки аз рӯи беаҳамиятӣ ва бепарвоии баъзе шаҳрвандон соли сипаригардида 1330 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки ин рақам назар ба соли қаблӣ зиёдтар мебошад. Аз ҷумла, зарари умумии сӯхтор 15 миллион сомониро ташкил додааст. А. Бузмаков ҳамчунин зикр кард, ки бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуши сӯхтор санҷиши зиёда аз 45 ҳазор иншоот ва 600 ҳазор манзили истиқоматӣ гузаронида шуда, 10 ҳазор ҳолати сар задани сӯхтор пешгирӣ ва ба маблағи зиёда аз 223 миллион сомонӣ молу маҳсулот аз нобудшавӣ эмин дошта шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






