Сафи муҳоҷирони ихроҷшуда меафзояд
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- «Беш аз 70 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муддати аз 3 то 5 сол вориди Федератсияи Русия шуда наметавонанд»,-хабар дод сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Бобоев дар нишасти матбуотӣ. Мутобиқи натиҷаҳои баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳолати 15 декабри соли 2013 аз ҷумҳурӣ 779 ҳазору 396 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа барои кор кардан сафар намудаанд, ки ин нисбат ба соли 2012- 35 ҳазору 036 нафар ё 4,4 фоиз зиёд мебошад. Тибқи маълумоти вазорат дар ин давра аз хориҷа 605 ҳазору 636 нафар муҳоҷири меҳнатӣ бозгашт, ки дар қиёс ба соли 2012- 23 ҳазору 714 нафар зиёд мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






