Санҷиши шаҳрвандони ихроҷшуда аз тариқи телефонҳои мобилӣ

Январь 20, 2014 10:12

Душанбе, 20 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати тамоми шаҳрвандон- муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки акнун онҳо метавонанд аз тариқи телефонҳои мобилии худ ба сомонаи Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия ворид шуда, қабл аз сафар ба ФР маълумоти шиносномаро аз тариқи системаи он-лайн (Online) дохил карда, худро санҷанд. Тавре ки аз шуъбаи робитаи хадамот иттилоъ доданд, албатта, ин маълумотҳо танҳо дар сомонаи Хадамоти федеролии муҳоҷират (ФМС) буда, санҷиши дигар аз тариқи Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ) сурат мегирад. Аз ин рӯ , Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз тамоми шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш мекунад, ки ҷиҳати санҷиш дар масъалаи ихроҷ ва дигар намуди хизматрасониҳо ба хадамот муроҷиат намоянд.

Январь 20, 2014 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд