«Шабе дур аз ватан»
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова)-Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбеков ва муовинони он баргузор гардид, зикр шуд, ки соли сипаригардида 1 679 чорабинӣ дар саҳнаи театру сирк ва консертҳо баргузор шуданд. Бояд гуфт, ки аз ин чорабиниҳо 622 ҳазор нафар тамошобин баҳра бурдааст.«Робитаву ҳамкориҳои хориҷӣ низ, дар ин давра таҳким ёфта, Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар Фестивали байналмиллалии «Вохӯрӣ дар Русия» (Санкт-Петербург) бо спектакли «Нидо»-и Барзу Абдураззоқов, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар Фестивал-лабораторияи якуми байналмиллалии «Человек театра» дар шаҳри Челябински Федератсияи Русия бо намоишномаи «Шабе дур аз ватан», Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо намоишномаҳои «Мӯйсафеди айёр» дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва «Офтобак, Моҳтобак ва Хурӯсак» дар нахустин ҷашнвораи байналмиллалии театрҳои лӯхтак дар шаҳри Қазон фаъолона ширкат варзиданд, ки боиси хушҳолӣ ва фараҳмандии ҳазорҳо тамошобин гаштанд», -афзуд ҳамчунин вазири фарҳанг. Роҷеъ ба нақшаҳои оянда Шамсуддин Орумбеков ҳамзамон таъкид дошт, ки барои рушди фазои фарҳангии кишвар дар оянда кӯшиши зиёд хоҳад кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






