Шарҳи мухтасари Бонки миллӣ вобаста ба қазияи Б. Занҷонӣ

Январь 7, 2014 16:48

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар).- Вобаста ба қазияи боздошти тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва тасдиқҳои ӯ дар бораи интиқоли 2,5 млрд. евро маблағ тавассути низоми бонкии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон шарҳи мухтасаре паҳн намуд. Дар он аз ҷумла қайд шудааст, ки ҶСП БС “Конт Investment Bank” таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дошта, вобаста ба ин талабот хизматрасонии интиқолҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар таъйид менамояд, ки тавассути суратҳисобҳои мавҷудаи бонки мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ягон амалиёти интиқолӣ, ки аз ҷониби таҳрими мазкур манъ гардидааст, гузаронида нашудааст. Ҷиҳати муҳокимаи масъала вохӯрӣ бо ҳайати баландпояи намояндагии эронӣ бо сарварии муовини раиси Бонки марказии Эрон тибқи риояи муқаррароти протоколӣ барпо шуда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф сурат гирифта буд. Боиси таассуф аст, ки дар мақолаи дарҷшуда кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷро намудани расмиёти протокол ҳамчун кашолкорӣ барои ташкили мулоқот маънидод шудааст. Илова бар ин, гуруҳи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пурра равшан намудани вазъи масъала дар ҶСП БС “Конт Investment Bank” кор бурда истодааст. Бояд зикр кард, ки тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад, рӯзи 31-уми декабр дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба эҳтимоли қаллобӣ ва азхудкунии маблағи ниҳоят зиёд, тақрибан 2,5 млрд. евро аз фурӯши нафти хом, ки бояд ба суратҳисоби Вазорати нафти Эрон мегузаронид, гумонбар дониста мешавад.

Январь 7, 2014 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш