Соли рекордӣ барои «Эсхата»

Январь 13, 2014 09:08

Душанбе, 13 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Зиёда аз 60 маркази хизматрасонии бонкӣ, 84 нуқтаи интиқоли пулӣ ва 3 филиали нави Бонки «Эсхата» дар давоми соли 2013 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар кушода шуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, соли 2013 аз рȳи шумораи кушодашавии сохторҳои бонкӣ соли рекордӣ буд. Дар маҷмȳъ шумораи филиалҳо 18%, марказҳои хизматрасонии бонкӣ 44% ва нуқтаҳои интиқоли пулӣ 270% афзуд, ки ин нисбат ба солҳои гузашта якчанд баробар зиёд мебошад. То санаи 31 декабри соли 2013 Бонки «Эсхата» дорои 19 филиал, 85 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 279 нуқтаи интиқоли пулӣ дар тамоми ҷумҳурӣ буд. Бо рушди мавқеи ҷойгиршавӣ мутаносибан шумораи кормандони бонк низ зиёд афзуда, дар соли 2013 шумораи умумии кормандон 44% зиёд гардид.

Январь 13, 2014 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд