Судяҳоро ҳам суд мекунанд
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).-Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз бо иштироки раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов, мушовири калони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ С. Шоҳназаров, кормандони дастгоҳи Шӯрои адлия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор шуд, зикр гардид, ки соли сипаригардида ба дастгоҳи Шӯрои адлия 3056 мавод ворид шудааст, ки аз ин 1258- тоаш арзу шикояти шаҳрвандон буда, 1238 адади он ҳал шуда ва 20 адади дигар мавриди баррасӣ қарор дорад. Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр шуд, ки судҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар фаъолияти худ ба як қатор муваффақиятҳо ноил гаштанд. Аз ҷумла, 50 нафар судя бо раҳматнома ва ифтихорномаҳои соҳавӣ ва 8 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шуданд. Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлия дар ҷавоб ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки мутаассифона, дар баробари пешравиҳо баъзе аз судяҳо ба камбудиҳо низ роҳ медиҳанд. Масалан, соли гузашта 5 нафар судя бо парвандаи хусусияти коррупсионӣ дошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






