Сўхтор дар мактаб

Январь 8, 2014 11:42

Душанбе, 8 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Cоати 16-45 дақиқаи 7 январи соли 2014 дар ҳезумхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Гулистони ноҳияи Тоҷикобод сўхтор ба амал омад. Дар масоҳати 24 метри мураббаъ ҳезумхона сўхта нобуд шуд. Мувофиқи иттилои сарвари мактаб Зайниддин Шарипови 51 сола маблағи зарар 1200 сомониро ташкил медиҳад. Молу мулки аз тарафи оташнишонон аз нобудшавӣ нигоҳ дошта, ба 17500 сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳодисаи мазкур таҳқиқ бурда мешавад. Сабаб ва гунаҳгори ҳодиса муайян хоҳад шуд

Январь 8, 2014 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш