Суратгири сол номбар шуд

Январь 7, 2014 11:56

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- 5 январ дар «Душанбе Арт – Граунд» намоишгоҳи суратҳои беҳтарини сол ифтитоҳ гардида, дар он асарҳои беҳтарин ба маърази намоиш гузошта шуданд. Пештар маросимҳои мукофотонӣ дар шакли муаррифӣ намудани асарҳо сурат мегирифтанд. Имсол мо қарор додем, ки аз чунин усули кор даст кашем ва намоишгоҳи суратҳоро манзури меҳмонон намудем», — гуфт яке аз ташкилкунандагони намоишгоҳ Эраҷ Турсунзода.Мукофоти ҳусни таваҷҷӯҳи бинандагон насиби суратгир Денис Дмитриев гардид. Асари Нодир Турсунзода сурати беҳтарини сол дониста шуд.

Январь 7, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш