Тағйиру илова ба Қонуни бозори қоғазҳои қиматнок

Январь 30, 2014 09:30

 
      Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дирӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор гардид. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок»-ро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ва вакили Маҷлиси намояндагон  Мунаввара Кенҷаева  баррасӣ намуданд.
Номбурдагон зикр намуданд, ки лоиҳаи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловахо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи гурўҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) иборат  мебошад.
Қабули қонун ба тақвияти низоми миллӣ ва иҷрои уҳдадориҳои соҳавӣ вобаста ба муқовимат ва софкории пул ва мубориза ба маблағгузории терроризм мусоидат менамояд.
 

Январь 30, 2014 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад