Таҳияи 7 филми мустанад дар бораи Бадахшон
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Бори нахуст дар давоми соҳибистиқлолии кишвар киностудияи «Тоҷикфилм» шуруъ аз моҳи феврали соли сипаригардида тавассути техникаи замонавии филмбардорӣ навобардории филми ҳунарии «Марги бегуноҳ» — ро оғоз намуд, ки дар ҷараёни ин кор дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаҳои вазнини низомӣ ва шумораи зиёди сарбозону афсарон иштирок намуданд ва он моҳи октябри соли 2013 дар шаҳру навоҳӣ ба ҳазорҳо нафар шаҳрвандони мамлакат намоиш дода шуд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ, 20 январ муовинни аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов.Ӯ ҳамчунин афзуд, ки киностудия таҳияи филмҳои мустанади «Мулки зарнисор» бахшида ба 3000- солагии Ҳисори Шодмон, «Муъминобод» ва «Кӯлоб»- ро бо зерматни англисӣ пурра ба анҷом расонид. Дар давраи ҳисоботӣ танзим ва банду басти филмҳои мустанади «Хуҷанд», «Бобоҷон Ғафуров», «Чкалов» ва «Куҳистони Мастчоҳ» ба анҷом расонида шуданд. Таҳияи ҳафт филми мустанад дар бораи Бадахшон идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






