Таҷлили солзоди абармардон дар Суғд

Январь 17, 2014 10:42

Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Бо мақсади шинохти дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ, устувории ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, рушди адабиёти муосир, ташаккули худшиносию худогоҳии мардуми вилояти Суғд бо қарори раиси вилояти Суғд соли 2014 таҷлили мавлуди як чанд собиқадорон, ходимони давлатӣ, адибон, аҳли зиё, таъсисёбии ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо дар назар аст. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои ин қарор таҷлили 100-солагии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, 90-солагии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Тоҳирова Ҳамро, 80-солагии рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», 80-солагии театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, 75-солагии ходими ҳизбиву давлатӣ, профессор Карим Абдулов, 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур, 60-солагии Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ, 50-солагии Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, 20-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, 20-солагии қабули Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят таҷлил карда хоҳад шуд.

Январь 17, 2014 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш