Таъиноти кадрӣ дар Вазорати мудофиа
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нави роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мулаллаҳ таъингардида, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, пурзӯр намудани қудрати дифоии Тоҷикистон, ҳифзи бошарафи марзу буми кишвар, омодасозӣ ва ҷобагузории дурусти кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуд.Тавре маълум шуд, Зариф Бобокалонов, ки кадри ҷавони соҳа ва дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ ва шунавандаи Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия аст, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-Муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.Саидамир Розиқов ва Абдуҳалим Назаров, ки ҳарду кадрҳои соҳибтахассус, ботаҷриба ва кордону корозмуда мебошанд, муовинҳои вазири мудофиа таъин карда шуданд.Миралӣ Раҳматов, ки дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ буда, то ин вақт дар вазифаҳои гуногуни раҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сарбаландона адои хизмат кардааст, Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.Ду кадри ҷавону кордони дигар – Зариф Ҳакимов ва Собирхон Назаралиев дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке Сардори Раёсати ҳамкории ҳарбӣ-байналхалқӣ ва дуввумӣ Сардори Раёсати молия ва буҷети Вазорати мудофиа таъин карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






