Таъйиноти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар»).- 6-уми январи соли равон дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо Фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он тағйироти кадрӣ ба амал омад.Сардорони як қатор раёсатҳо ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардиданд. Аз ҷумла:- полковники милитсия Кабиров Ҷўрахон Ҳакимович, ба вазифаи сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, — полковники милитсия Гадоев Зафар Ниёзмадович ба вазифаи сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷўии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,- полковники милитсия Солиева Зумрат Тухтасиновна сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.-полковники милитсия Тағоймуродов Субҳонқул Усмонқулович ба вазифаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод,- подполковники милитсия Маҳмадов Алимардон Аҳмадович ба вазифаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом,- полковники милитсия Эмомов Раҷаб Эмомович ба вазифаи сардори Шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ,- подполковники милитсия Назаров Бахтиёр Бобоевич ба вазифаи сардори шуъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара,- полковники милитсия Қосимов Илҳом Обидович ба вазифаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров,- подполковники милитсия Пиров Маҳмадсафар Қузратуллоевич ба вазифаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ,- полковники милитсия Маҳмудов Шамсулло Хайруллоевич ба вазифаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан,- подполковники милитсия Насимов Қосим Наимович ба вазифаи сардори шуъбаи №2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара,-подполковники милитсия Бурҳонов Олим Палвонович ба вазифаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар,- подполковники милитсия Бахтдавлатов Бахтдавлат Назарбекович ба вазифаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ,- майори милитсия Махшулов Давлатбек Бафоевич ба вазифаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз таъйин гардиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






