Таъмини саривақтии таҳияи регламентҳои техникӣ

Январь 9, 2014 09:29

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори соҳаи танзими техникӣ буда, барои амалӣ намудани соҳаи танзими техникӣ як силсила корҳоро дар соли 2013 анҷом додааст. Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» дар ин давра лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таҳияи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2014»-ро бо мақсади татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» таҳия намуда, барои мувофиқагардонӣ бо вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намуд. Барномаи мазкур бо ҳамаи вазорати идораҳои дахлдор мувофиқа гардидааст.«Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014» бо Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2103 тасдиқ шудааст. Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои соли 2013-2014 таҳия ва тасдиқи 8 регламенти техникиро дар навбати аввал пешбинӣ намудааст.Аз ҷумла, барномаи мазкур таҳияи номгўи зерини регламентҳои техникиро дар бар мегирад: Бехатарии мавод ва маҳсулоти сохтмон; Бехатарии бензин, сўзишвории дизелӣ ва мазут; Тамғагузории маҳсулоти хўрокворӣ; Бехатарии хўроки чорво ва иловагиҳои он; Бехатарии маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва сабзавот; Бехатарии таҷҳизоти пастшиддат; Бехатарии асбобҳои бо сўзишвории газмонанд амалкунанда; Бехатарии маҳсулоти таъйиноти кӯдакона ва наврасон;Дар «Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014» номгўи регламентҳои техникӣ, мақсади таҳияи регламентҳои техникӣ, объектҳои бамеъёрдарорӣ, иҷрокунандагони масъул, аъзои гуруҳи корӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ва муҳлати иҷрои онҳо муқаррар гардидааст. Аз тарафи Агентии «Тоҷикстандарт» огоҳнома дар бораи оғози таҳияи лоиҳаҳои регламентҳои техникӣ тартиб дода шудааст. Дар огоҳнома номгўи регламентҳои техникӣ, асос барои таҳияи регламентҳои техникӣ, объектҳои бамеъёрдарории техникӣ, иҷрокунандагони масъул ва муҳлати таҳия муқаррар гардидааст.Мувофиқи нақшаи «Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014» барои соли 2013 таҳияи се регламенти техникӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ пешбинӣ гардидааст. Дар айни замон лоиҳаи 3 регламенти техникӣ таҳия гардида, барои мувофиқагардонӣ ва тасдиқ ба вазорату идораҳои дахлдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. 30 декабри соли 2013 ду регламенти техникӣ – «Бехатарии бензин, сўзишвории дизелӣ ва мазут» ва «Тамғагузории маҳсулоти хўрокворӣ» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуданд.Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтааст, ки тибқи нақшаи муқарраргардида таҳия ва баррасии регламентҳои техникиро сари вақт таъмин намояд.

Январь 9, 2014 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад