Танзими расму оин дар Шӯрообод
Шӯрообод, 13 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар ноҳияи Шӯрообод чиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоати шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти дурдаст корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ мегарданд. Дилбар Саъдуллоева, раиси ҷамоати деҳоти Шӯрообод гуфт, ки дар ҳудуди ҷамоат то ин давра 192 тӯйи домодию арӯсӣ, 25 маъракаи чил ва 14 маъракаи сол баргузор гардид, ки дар онҳо 194 чорво забҳ шуда, маблағи умумии хароҷот 641ҳазору 300 сомониро ташкил дод, ки барои гузаронидани ҳар маърака 2800 сомонӣ рост меояд. Ба гуфтаи манбаъ, гузаронидани маъракаҳо зери назорати қатъии масъулини ҷамоат қарор дорад. Ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ аз тарафи масъулини ҷамоат байни мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва аҳолӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон ва намояндагии ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳо доир шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






